АБДУЛЛО НАЗРИЕВ - Гуфтӣ бигу
Гуфтӣ: Бигу, ки дар чӣ хаëлию ҳол чист? Моро хаёли туст, туро дар хаëл чист? Ҷонам ба лаб расид, чӣ пурсӣ зи ҳоли ман? Чун қуввати ҷавоб надорам, суол чист? Безавкро зи лаззати теғат чи огаҳист? Аз ҳалкташна пурс, ки оби зулол чист? Гуфтам: Ҳамеша фикри висоли ту мекунам, Дар ханда шуд, ки ин ҳама фикри муҳол чист? Дардо, ки умр дар шаби ҳиҷрон гузашту ман Огаҳ наям ҳануз, ки рузи висол чист? Чун ҳал намешавад бо сухан мушкилоти ишқ, Дар ҳайратам, ки фоидаи қилуқол чист? Эй дам ба дам ба хуни Ҳилолӣ кашида теғ, Мискин чӣ кард? Муҷиби чандин малол чист? OLIM TV