"Один на миллион": Саргузашти Саидмурод Давлатов

19 подписчиков

12+
12+

6 просмотров

16 дней назад

ПожаловатьсяНарушение авторских прав

19 подписчиков

12+
12+

6 просмотров

16 дней назад

ПожаловатьсяНарушение авторских прав
12+
12+

6 просмотров

16 дней назад

Нахустнамоиши филми деринтизори "Один на миллион" ("Яке аз миллион")-и Муҳиддин Музаффар дар Маскав баргузор гардид "Суғдсинамо", киностудияи давлатии Тоҷикистон ба бинандагон филми наве пешниҳод кард: "Один на миллион" ("Яке аз миллион"). Муаллифон тасмим гирифтанд, ки нахустнамоиш дар пойтахти Русия баргузор шавад. Охири ҳафтаи гузашта филм барои тамошобинони Маскав пешниҳод гашт. "Яке аз миллион"-и Муҳиддин Музаффар аз ҳаёти марде нақл мекунад, ки худро сохтааст. Ӯ аз як деҳоти дурдасти Тоҷикистон аз хурдӣ мавриди озмоиши сарнавишт қарор мегирад - бепадар мемонад, бори зиндагӣ бар дӯшаш меафтад. Вақте бо муваффақият имтиҳон месупораду барои қабул шудан ба донишгоҳ аз вай маблағ талаб мекунанд, роҳи муҳоҷиратро пеш мегирад ва пас аз машаққатҳои зиёд худро меёбад. Аммо бо ин филм ба итмом намерасад - зиндагӣ барояш озмоишҳоро пеш меорад ва ӯро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд. Филми "Яке аз миллион" аз сарнавишти марде нақл мекунад, ки баробари санҷишҳои сарнавишт як тоҷики муваффақ ва инсони комил мегардад.

Название:

"Один на миллион": Саргузашти Саидмурод Давлатов

Категория:

Разное