ТАГОБА
ТАГОБА Биёрад атри райҳони Тагоба, Насими анбарафшони Тагоба. Ҳама дар интизори меҳмонанд, Паём ояд зи ёрони Тагоба. Зи Гилкан сар шавад ин дараи меҳр, Каландак ҳаст поёни Тагоба. Макони хушҳавое Хиштирокаш, Зарифӣ ҳам бувад они Тагоба. Агар Хилмонӣ аз ҳилм аст, эй дӯст, Дуоба, Чухтакаш ҷони Тагоба. Зи ҳусни Порвоғаш қиссагӯянд, Зарафшону Бадахшони Тагоба. Бигир аз Хоҷа Шамсиддин дуое, Чу дорӣ майли бустони Тагоба. Сафедобу Сияҳкӯҳаш равонанд, Ба самти боғу бустони Тагоба. На қирғизе бувад дар Қирғизонаш, Наёбӣ турки Туркони Тагоба. Ба Болошаҳр азми роҳ дорӣ, Бирав аз самти поёни Тагоба. Зимистон барф то банди миён аст, Сатилрез аст борони Тагоба. Шукуҳи хосае дорад ҳавояш, Барад дилро баҳорони Тагоба. Агар сад дарраи дигар бигардӣ Наёбӣ файзу эҳсони Тагоба. Чи роҳат доштам, оваҳ чи роҳат, Канори марғзорони Тагоба. Зи кӯҳу теппаҳо бо шавқ чидам, Басе чукриву торони Тагоба. Навободи дилам лабрези ишқ аст, Зи ҳусни хубрӯёни Тагоба. Аҷаб ҳусну аҷаб зебодиёре, Баҳоре дар гулистонӣ, Тагоба. Басе дар ҳар маҳал кардам саёҳат, Надидам ҳеҷ ҳамсони Тагоба. Далели ифтихору сарбаландист, Футуҳи шермардони Тагоба. Агар бепарда гӯям, паҳлавонанд, Ҳама мардони майдони Тагоба. Биё бар сайри боғу гулшан ин ҷо, Намегардӣ пушаймони Тагоба. Аз ин гулшан ҷудоӣ нест дилро, Шавӣ боре чу меҳмони Тагоба. Ба ғайри нуқлу неъмат боз ёбӣ, Сафову меҳр дар хони Тагоба. Чи гўяд, Аҳлидин, болотар аз ин, Ки умре ҳаст ҳайрони Тагоба! Аҳлиддини Ҳисорӣ #Рашт #Тагоба #Душанбе# Точикистон #Гарм