▶️ Барномаи хaбарии ИМРӮЗ - 16.11.2020 | AZDА TV | برنامه ای خبر

▶️ Барномаи хaбарии ИМРӮЗ - 16.11.2020 | AZDА TV | برنامه ای خبری امروز اخبار تاجیکستان - Вазир бо чатру донишомӯз бе чатр дар зери борон. Чаро? - Барои 30 хонандаи мактаб як китоби дарсӣ, ёбу гир - Муҳоҷирон метавонанд бидуни миёнарав ва сабти ном билет бихаранд ---------------------------------------------- Дар як ҷамъомади идона бахшида ба “Рӯзи Президент” дар вилояти Хатлон, ки хонандагон дар зери борон намояндагони ҳукуматро пешвоз мегиранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овард, вале намояндагони вилояти Хатлон гуфтаанд, ҳеҷ кас дар зери борон набуд. Дар расмҳои интишор гардида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки бахшида ба “Рӯзи Президент” дар вилояти Хатлон Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири Президент дар умури робита бо ҷомеа, Хайриннисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби ҳокими халқии демократӣ Тоҷикистон, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар зери чатр қарор доранд, аммо хонандагон ба пешвозашон дар зери борон суруд мехонанданд. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ба ҷойи ин хонандагон фарзандони худатон дар зери борон бошанд, чӣ кор мекунед? Баъди вокунишҳои зиёд, Ҳукумати вилояти Хатлон аксҳои сурудхонии хонандагонро аз саҳифааш пок кард. Носирҷон Маъмурзода сухангӯйи дафтари матбуоти вилояти Хатлон дар зери шарҳи корбарон навишт, ки “бо тамоми масъулият иброз медорам, ки ягон хонанда дар зери борон қарор нагирифтааст”. Ин бори аввал нест, ки масъулони шаҳру вилоятҳо ҳангоми пешвози намояндагони Ҳукумат хонандагонро дар зери барфу борон нигаҳ медоранд, як сол қабл дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар маросими ифтитоҳи як дорухонаи байторӣ, ки раиси ноҳия Фотеҳ Аминзода ҳузур ёфт, дида мешуд, ки ӯ ва ҳамроҳонаш дар тан либосҳои гарм, вале духтароне, ки онҳоро пешвоз мегирифтанд, бо либосҳои тунук дар сардии ҳаво рост исотодаанд. Ҳамчунин дар шаҳри Панҷакент ҳангоми пешвоз гирифтани раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар танаш либоси зимистона ва дар сараш кулоҳ дошт, духтарон бо либосҳои тунук пешвоз гирифта буданд. Ёдовар мешавем, ки чунин истиқболҳоро пайваста дар тамоми сафарҳову ифтитоҳи биноҳои нав барои раисҷумҳур Эмомлаӣ Раҳмон низ ташкил мекунанд. Ва ин амал ба як анъана табдил шудаст. Пештар ҳатто як духтараки 4-сола дар ноҳияи Фархор, ки ҳамроҳ бо дигар ҳамсолонаш ба пешвози Президент оварда шуда буд, ба худи Эмомалӣ Раҳмон шикоят карда гуфт, ки дар сардӣ хунук хурдааст. Ӯ дар рӯбарӯи Эмомалӣ Раҳмон бе ягон ибо гуфт, ки бобоҷон хунук хӯрдаам ва пас аз суолу ҷавоб бо ин кӯдак Президент аз мақомот хост то кӯдаконро дигар ба чунин чорабиниҳо ҷалб накунанд. Аммо то рафт ин анъана дар байни мансабдорони Тоҷикистон бештар доман паҳн мекунад, ки яке аз мисолҳояш пешвозгирии гурӯҳи “Авангард” дар ноҳияи Зафаробод буда метавонад. ----------------------------------------

Иконка канала Творческий подход
5 подписчиков
12+
20 просмотров
год назад

, чтобы оставлять комментарии