#авиценна #против #турок #сино #эрон ро дуст медошт Сух?
#авиценна #против #турок #сино #эрон ро дуст медошт Сух?
#араб гӯянд #сино ро гурӯҳе, Гурӯҳе #форс ё #точики донанд. Гурӯҳе #узбак аш гӯянду лекин Агар сад бор осораш бихонанд Нафаҳманду паи тафсири ҳар ҳарф Ҳама муҳтоҷи некӯ тарҷумонанд. Ҳама даъво кунанд – “Аз миллати мост, Фалон модар фалон солаш бизода. Дигар миллат ба дунёи тамаддун Чу Сино зуфунунеро надода...” Чӣ лозим ин ҳама фарёду даъво? Чӣ лозим ин ҳама исботу бурҳон? На аъробӣ, на ӯзбак будааст ӯ, Фақат будаст инсони ҳамадон. #бухоро пойтахти тоҷикон буд, Дар он ҷо Бӯалӣ омад ба олам, Дарӣ буда забонаш, лек омӯхт Забони ҷумла давру ҷумла одам. Дарӣ буда забонаш, лек буда Забони ҷон, забони рӯҳи озод. Забони эҳтиёҷеву ниёзе, Забони дардҳои одамизод. #лоик