Комроҷон бо суруди Дар хона оча боша давлати бача боша

1 подписчик

12+
12+

1,38 тыс. просмотров

год назад

ПожаловатьсяНарушение авторских прав

1 подписчик

12+
12+

1,38 тыс. просмотров

год назад

ПожаловатьсяНарушение авторских прав
12+
12+

1,38 тыс. просмотров

год назад

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар 07.03.2025 Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони кишварро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат зан-модарро рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар номиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашнро нишонаи эътибору эҳтироми хоссаи давлату роҳбарияти кишвар нисбат ба модарону бонувони азиз маънидод намуданд. Аснои суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бузургии модар, мақому манзалати занон дар ҷомеа ва дигар хислатҳои нодири ин олиҳаи зиндагӣ андешаронӣ намуда, нақши модари тоҷикро дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибҳунар, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати тоҷикон бисёр арзишманд унвон карданд. Таъкид гардид, ки модарону бонувони тоҷик сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кумак ва саъю талошҳои зиёд карданд. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд. “Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад”-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Президенти кишвар зимни суханронӣ дастгирию ғамхорӣ ва тадбирҳои созандаи баланд бардоштани мақоми занонро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд. Заҳмати шарафманду хизмати содиқонаи занону духтарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохтмони сарнавиштсози Неругоҳи Роғун ва саҳми бузурги онҳо дар рушди қонунгузорӣ, соҳибкорию тиҷорат ва дигар самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар махсус таъкид карда шуд. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки “мо ба нақши модарону занон дар рушди ҷомеа, пешрафти давлат, ободии В?