“АСАБӢ БУДАМ...” ДОМУЛЛО АБДУЛҲАННОН БАРОИ ВАЙРОН КАР
“АСАБӢ БУДАМ...” ДОМУЛЛО АБДУЛҲАННОН БАРОИ ВАЙРОН КАР
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 январи соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” боздошт ва муҷозоти сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва имомхатиби масҷиди ин минтақа Абдулҳаннон Усмоновро барои бо суханони таҳқиромез вайрон кардани як тӯйи домодӣ тасдиқ кард ва бидуни ироаи ҷузъиёт танҳо гуфт, ки нисбат ба Абдулҳаннон Усмонов барои маҳдуд кардани ҳуқуқи бародарзодааш Абубакр Усмонов ва зоҳир кардани беэҳтиромӣ нисбат ба ҷомиа аз ҷониби РВКД вилояти Хатлон “чораҳои маъмурӣ андешида шуд”. Вале ВКД мушаххас накард, ки Абдулҳаннон Усмоновро ҷарима бастаанд ваё ба ҳабси маъмурӣ андохтаанд. ВКД мегӯяд, дар рафти тафтиш маълум шуд, ки Абдулҳаннон Усмонов, сокини ҷамоати Меҳнатобод ва имомхатиби масҷиди ин минтақа, вақте мешунавад, ки аз хонаи бародараш Абдулманнон Усмонов садои мусиқӣ ва базми тӯёна меояд, дар ғазаб шуда, ба хонаи бародараш меравад ва домод писари бародараш Абубакр Усмоновро барои даъвати навозандагон ва ташкили рақсу бозӣ дар тӯйи домодиаш зери борони таҳқиру дашном қарор дода, ҳамин гуна бо лаҳни дурушту пурдашном меҳмонони тӯйро, ки 60 то 70 нафар буданд, аз хонаи тӯйдор пеш кардааст. Абдулҳаннон Усмонов дар баёноташ гуфтааст, ки аз пеш писари бародарашро огоҳ карда буд, ки тӯяшро бидуни мусиқию рақсу бозӣ, дар чорчӯби тӯйи исломӣ барпо кунад, вале домод ба ин таъкиди ӯ гӯш надодааст. Абдулҳаннон Усмонов аз ин амали бародарзодааш ба ғазаб омада, худро идора карда натавонистааст ва базми тӯёнаро вайрон кардааст. Абдулҳаннон Усмонов дар гузориши ВКД гуфт: “Дар ҳақиқат, асабонӣ шудем. Бахшиш мепурсем. Як хато кардем. Умед аст, ки хатои мо ислоҳ мешавад”.