РУСИЯ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БО КОРГАРОН АЗ БЕЛАРУ
РУСИЯ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БО КОРГАРОН АЗ БЕЛАРУ
Ҳукумати Русия барои ҳалли мушкили камбуди нирӯи корӣ дар соҳаи сохтмон, аз ҷумла дар лоиҳаҳои калидие, ба мисли марказҳои театриву фарҳангӣ дар Владивосток ва Калининград, космодроми “Восточный” ва лоиҳаҳои дигар коргарон аз Беларусро ҷалб кунад. Ин масъала рӯзи 20 май дар мулоқоти муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин бо муовини сарвазири Беларус Анатолий Сивак баррасӣ шудааст. Матбуоти Русия менависад, зоҳиран мақомоти Русия билохира ёфтанд, ки муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро бо кӣ иваз кунанд? Сомонаи расмии ҳукумати Русия хабар дод, ки рӯзи 20 май дар Маскав мулоқоти кории муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин муовини сарвазири Беларус Анатолий Сивак доир шуд. Дар ин мулоқот ҳамчунин вазири сохтмон ва ЖКХ Русия Ирек Файзуллин, муовини аввали вазири меъморӣ ва сохтмони Беларус Игор Костюков ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштаанд. Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки “дар оғози ҷаласа Марат Ҳуснуллин таъкид кард, ки имрӯз дар Русия мушкили камбуди нирӯи корӣ дар соҳаи сохтмон пайдо шудааст ва масъалаи ҷалби нирӯи корӣ ба амалӣ сохтани лоиҳаҳои калидие, ба мисли марказҳои театриву фарҳангӣ дар Владивосток ва Калининград, космодроми “Восточный” ва лоиҳаҳои дигар як масъалаи доғ ба шумор меравад. Анатолий Сивак ба навбати худ манфиатдории ҷониби Беларус ба ҳамкорӣ дар ин масъаларо баён дошт. Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки дар муддати кӯтоҳтарин масъалаи хароҷоти ҷалби мутахассисони Беларусро ҳаллу фасл кунанд.”